ШАРАФ БА МУҲОФИЗОНИ МАРЗҲОИ МУҚАДДАСИ ВАТАН! – баргузории тадбирҳои идона дар қисми низомии 051056 Гвардияи миллӣ

10 феврал бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршедахон Хоҷазода ва муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ва як гуруҳ модарону ҷавонон дар қисми низомии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон тадбирҳои идона доир гардид. 

Дар ин рӯз модарон ва ҷавонон ба аёдати сарбозон бо дастовези идона нону шириниҳо ташриф оварда, бо вазъи хизмат дар сафи Артиши миллӣ аз наздик ошноӣ пайдо карданд.

Нахуст муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода вобаста ба муҳайё гардидани шароити мусоиди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд. 

Мавсуф аз тадбирҳои судманди аёдати модарон аз қисмҳои низомии ҳудуди кишвар, ки дар доираи тадбирҳои идона бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта истодааст ёдовар шуд.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршедахон Хоҷазода низ вобаста ба амалӣ намудани нақшаву барномаҳои мушаххас дар самти тарбияи ҳарбии ҷавонписарон ва тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зери роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ибрози андеша намуд.

Мамнур Нурзода муовини раиси шаҳри Бӯстон паёми табрикии роҳбарияти шаҳрро ба муносибати солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи сарбозон расонида, барояшон хизмати хубу бобарор таманно намуд.

Дар интиҳо дар фазои суруду таронаҳои аҳли санъат ва ҳунари шаҳр ҷавонон – хатмкунандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ, модарон ва сарбозону афсарон шодиву нишоти идона намуданд.

Аз роҳандозии чунин тадбири муҳим сарбозон изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.