Мувофиқи маълумоти омори давлатӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушд дар вилояти Суғд ба 35,2 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,3 дарсад баробар гардида, саҳми он дар Маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар 26,9 дарсадро ташкил додааст.
Афзоиши нишондиҳандаи мазкур дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10,7 дарсад, кишоварзӣ 15,1 дарсад, гардиши савдои чакана 12,9 дарсад, хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 дарсад, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 43,9 дарсад ва ғайра таъмин гардид.
Дар натиҷаи чораю тадбирҳои андешидашуда ва дар заминаи рушди иқтисодиёти вилоят, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) дар соли 2023-юм ба андозаи 104,5 дарсад таъмин ва ба буҷети давлатӣ 4931,8 млн. сомонӣ ворид карда шуд. Воридоти маблағ нисбат ба нақшаи таҳрезишуда 210,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли қаблӣ 589,7 млн. сомонӣ ё 13,6 дарсад зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар ҷамъбасти соли ҳисоботӣ иҷрои нақшаи даромадҳои буҷети вилоят аз рўйи ҳамаи манбаъҳои андозию ғайриандозӣ, инчунин ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ўҳдадориашонро дар назди даромадҳои буҷети давлатию маҳаллӣ пурраю барзиёд таъмин карданд.
Тибқи маълумоти пешакии мақомоти андози вилоят дар ин давра ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1071,3 млн. сомонӣ ё баробари 103,5 дарсади нақша маблағ ворид гардид, ки аз он андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 401,6 млн. сомонӣ ё ба қадри 105,5 дарсади нақша ва андози иҷтимоӣ аз корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 669,7 млн. сомонӣ ё 102,2 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Давоми соли ҳисоботӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ тибқи тартиби муқарраркардаи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» амалӣ гардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз андоз ва даромадҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди вилоят қарордошта ворид гардид, ба маблағи умумии 1403,2 млн. сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 7,7 дарсад ё 99,9 млн. сомонӣ ва дар қиёс бо соли 2022-юм 232,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Мувофиқи ҳисобот иҷрои нақшаи даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ дар ин давра ба андозаи 103,7 дарсад таъмин гардида, ба ҷойи 2769,4 млн. сомонии нақшавӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ 2872,0 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 102,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2022-юм 296,0 млн. сомонӣ ё 11,5 дарсад зиёд мебошад.
Давоми соли ҳисоботӣ бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва воридоти маблағҳо ба буҷети давлатӣ дар вилоят силсилаи тадбирҳо андешида, маблағи бақияи қарзи андозҳо дар нозироти андози шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 1,8 млн. сомонӣ кам карда, ҳаҷми бақияпулиҳои андоз (бе назардошти қарзи Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят) дар ҳолати 1 январи соли 2024 дар вилоят ба 59,1 млн. сомонӣ баробар шуд. Маблағи бақияи умумии қарзи андозҳо бошад, бо назардошти қарзи корхонаҳои Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят, ба 82,9 млн. сомонӣ баробар аст ва ин рақам нисбат ба аввали давраи ҳисоботӣ 1,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2023 ҳаҷми бақияпулиҳои андоз нисбат ба аввали соли ҳисоботӣ дар Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят ба маблағи 3,7 млн. сомонӣ ва дар ноҳияи Зафаробод ба маблағи 1,4 млн. сомонӣ зиёд гардида, дар шаҳру ноҳияҳои дигар кам карда шудааст.
Маблағи асосии бақияпулиҳоро бақияи қарзи андози иҷтимоӣ ба маблағи 19,2 млн. сомонӣ (23,2 дарсади маблағи умумии бақияпулиҳо), андоз аз арзиши иловашуда 17,5 млн. сомонӣ (21,1 дарсад), андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ 8,4 млн. сомонӣ (10,1 дарсад), андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ 8,1 млн. сомонӣ (9,7 дарсад), андоз аз молу мулки ғайриманқул 7,3 млн. сомонӣ (8,8 дарсад) ва ғайра ташкил медиҳад.
Ҳаҷми зиёди маблағи бақияпулиҳо ба Нозироти андозсупорандагони калони вилоят 23,8 млн. сомонӣ (28,7 дарсади маблағи умумии бақияпулиҳо) ва ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 8,2 млн. сомонӣ (13,9 дарсади маблағи умумии бақияпулиҳо), Истаравшан 7,7 млн. сомонӣ (13,1 дарсад), Зафаробод 7,5 млн. сомонӣ (12,6 дарсад), Исфара 7,2 млн. сомонӣ (12,2 дарсад), Панҷакент 5,9 млн. сомонӣ (10,0 дарсад), Мастчоҳ 5,5 млн. сомонӣ (9,3 дарсад), ва боқимонда ба дигар шаҳру ноҳияҳо рост меояд.
Маблағгузории қисми хароҷоти буҷети вилоят дар соли ҳисоботӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дар асоси қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, ба иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят, дар маҷмўъ, 2818,1 млн. сомонӣ равона гардид, ки 97,6 дарсади нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақшаи аниқшуда 68,5 млн. сомонӣ кам ва дар қиёс бо хароҷоти амалии соли қаблӣ 253,0 млн. сомонӣ ё 9,9 дарсад зиёд мебошад.
Ҳамзамон, маблағгузории хароҷоти аввалиндараҷаю зарурии муассисаҳои буҷетӣ сари вақт таъмин карда, музди меҳнат ва маблағҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ пурра пардохта, аз ҳисоби пардохтҳои мазкур дар вилоят қарздорӣ ё қафомонӣ вуҷуд надорад.
Баробари ин, дар ин давра барои маблағгузории хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф, нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш 2322,0 млн. сомонӣ равона гардид, ки баробари 82,4 дарсади ҷамъи хароҷоти гузаронидаи буҷетҳои маҳаллӣ мебошад. Дар соли ҳисоботӣ маблағгузории амалӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ нисбат ба соли 2022-юм ба андозаи 11,7 дарсад ё ба маблағи 243,7 млн. сомонӣ зиёд гардид.
Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ба соҳаи маориф 1369,6 млн. сомонӣ равона гардид, ки 98,8 дарсади нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 17,2 млн. сомонӣ кам мебошад. Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки маблағгузории буҷетӣ ба соҳаи маориф нисбат ба соли қаблӣ 182,2 млн. сомонӣ ё 15,3 дарсад зиёд гардида, хароҷоти соҳа дар хароҷоти умумии буҷети вилоят ба 48,6 дарсад баробар мебошад.
Дар соли 2023 ҳаҷми хароҷоти умумии буҷети вилоят барои соҳаи нигоҳдории тандурустӣ 670,0 млн. сомониро ташкил дод, ки ба 98,5 дарсади нақша баробар буда, нисбат ба нақша 10,2 млн. сомонӣ кам ва нисбат соли қаблӣ 75,8 млн. сомонӣ ё 12,8 дарсад зиёд мебошад. Ҳиссаи маблағгузории соҳаи мазкур дар маблағгузории амалии буҷетҳои маҳаллӣ ба 23,8 дарсад расонида шуд.
Дар марҳилаи ҳисоботӣ маблағгузориҳо, бо назардошти сармоягузории асосии мутамаркази буҷети давлатӣ, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ 99,1 млн. сомонӣ ё 95,5 дарсади нақша, соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 28,6 млн. сомонӣ ё 96,9 дарсад, хоҷагии манзилию коммуналӣ 173,8 млн. сомонӣ ё 93,5 дарсад, фарҳанг ва варзиш 253,8 млн. сомонӣ ё 94,6 дарсад, кишоварзӣ 31,8 млн. сомонӣ ё 98,0 дарсад, саноат ва сохтмон 0,4 млн. сомонӣ ё 100,0 дарсад, нақлиёт ва коммуникатсия 82,2 млн. сомонӣ ё 100,0 дарсад ва хароҷоти ғайра 4,0 млн. сомонӣ ё 58,7 дарсади нақшаро ташкил дод.
Давоми соли 2023-юм аз буҷети вилоятӣ ба маблағи умумии 393,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Ашт 75,0 млн. сомонӣ, Деваштич 86,9 млн. сомонӣ, Зафаробод 28,0 млн. сомонӣ, Истиқлол 5,2 млн. сомонӣ, Исфара 41,3 млн. сомонӣ, Конибодом 32,3 млн. сомонӣ, Кўҳистони Мастчоҳ 30,8 млн. сомонӣ, Мастчоҳ 13,0 млн. сомонӣ, Спитамен 19,5 млн. сомонӣ, Ҷаббор Расулов 33,9 млн. сомонӣ ва Шаҳристон 28,0 млн. сомонӣ субвенсия ҷудо гардид. Ҳаҷми мусоидати молиявии (субвенсияи) буҷети вилоятӣ дар соли молиявӣ ба 18,1 дарсади хароҷоти ҳақиқии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят баробар гардид.
Давоми марҳилаи ҳисоботӣ ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадории мақомоти маҳаллии молия оид ба маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллӣ ҳамагӣ 228,6 млн. сомонӣ ворид гардида, аз ин суратҳисобҳо 226,6 млн. сомонӣ хароҷот карда шуданд. Аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз рўйи тартиб ва меъёрҳои муқаррарӣ ба даромади буҷетҳои маҳаллӣ ҳиссаҷудокуниҳо ба маблағи умумии 9,6 млн. сомонӣ ворид карда шуд.
Дар ин давра ба буҷети маҳаллии вилоят аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунии байнибуҷетӣ ба буҷетҳои маҳаллии вилоят 562,6 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардида, мувофиқи мақсад ба харҷ дода шуд. Баробари ин, давоми соли сипарӣ аз буҷети вилоятӣ ба буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо маблағҳои мақсаднок, дар ҳаҷми 8,6 млн. сомонӣ ҷудо ва интиқол дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағи иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои маҳаллии вилояти Суғд ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 36,5 млн. сомонӣ ва суратҳисоби захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 4,2 млн. сомонӣ, ҷамъ 40,7 млн. сомонӣ гузаронида шуд.
Давоми соли ҳисоботӣ аз ҷониби шуъбаи аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва мутахассисони аудити дохилии мақомоти молия дар шаҳру ноҳияҳо дар 380 ташкилоту муассиса, аз ҷумла тибқи дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар 80 ташкилот, аудиту таҳлил гузаронда, ба маблағи умумии 7130,3 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки аз он хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 1609,2 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 4419,9 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурўш ва иҷораи амволи давлатӣ 63,3 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 314,9 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 20,4 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рўйпўшнамудаи андозҳо 702,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии зарари молиявӣ 6353,1 ҳазор сомонӣ (89,1 дарсад), аз ҷумла ба буҷет 5991,9 ҳазор сомонӣ ва ба ҳисоби корхонаҳо 361,2 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.
Инчунин, зимни гузаронидани аудит камбудӣ ва норасоиҳое, ки ба зарари молиявӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 1143,8 ҳазор сомонӣ ошкор гардида, маблағи мазкур пурра барқарор карда шуд. Аз натиҷаи аудитҳои гузаронидашуда 84 маводи аудит, ба маблағи умумии 5939,4 ҳазор сомонӣ, ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарори дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Хадамоти матбуоти Сарраёсати Вазорати молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд