Осими Орифпур директори Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» таъин гардид

Бо қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз 1 феврали соли 2024, №30 Осими Орифпур директори Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» таъин гардид.

Осими Орифпур 22 апрели соли 1985 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2008 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси рӯзноманигор-омӯзгор хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Суғд» оғоз бахшида, солҳои 2009-2010 дар телевизиони «Азия» кор кардааст. Солҳои 2010-2012 дар вазифаи сармуҳаррири радиои «Тироз», солҳои 2012-2014 дар вазифаи сармуҳаррири телевизиони «Танин», солҳои 2014-2019 дар вазифаи муовини Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» фаъолият бурда, аз соли 2019 инҷониб ба сифати коргардон дар Раёсати Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар вилояти Суғд кор кардааст.

Аз 1 феврали соли 2024 директори Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» таъин шуд.

Осими Орифпур дар таҳияву омодасозии филмҳои ҳунарии "Паймон", "12 соли интизорӣ", "Коса", "Тангно ", "Сайёра ранг иваз мекунад", "Бачаи обӣ", "Зодрӯз муборак", "Зархаридон" ва филмҳои мустанади "Соҳибватан", "Духтари Сайҳун", "Шикастнопазир", "Ворух", "Дарахти дӯстӣ", "Ду соҳили як дарё" ва ғайра саҳм дошта, дар филмҳои мазкур ҳамчун директори филм ва коргардон кор намудааст.