7-уми феврал дар толори муассисаи давлатии таълимии гимназияи №5- и шаҳри Истаравшан вохӯрии номзадҳо аз ҳавзаи интихоботии №32 “Истаравшан” бо интихобкунандагон доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Комиссияи шаҳрии интихобот ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва раисони участкаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ, интихобкунандагон аз ҳавзаи интихоботии №32 “Истаравшан”, номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №32 “Истаравшан” ва шахсони боътимоди номзадҳо иштирок намуданд.
Чорабиниро Абдураҳмонзода Афзуналӣ – раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оғоз намуда, таъкид намуд, ки санаи 18 феврали соли 2024 дар шаҳри Истаравшан интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии №32 “Истаравшан” доир мешавад. Ҳамчунин, номзадҳоро ба интихобкунандагон шинос намуд.
Баъд аз он, шахсони боътимоди номзадҳо баромад намуда бо тарҷумаи ҳоли номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №32 “Истаравшан” шинос карданд.
Ҳамчунин, дар назди ҳозирин Каримзода Мирзоқосим – номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №32 “Истаравшан” баромад намуда, ҳозиринро бо барномаи пешазинтихоботии худ шинос намуд.
Ҳамзамон, Аслонова Мунира ва Бобоҷонова Мунира номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №32 “Истаравшан” баромад намуда, интихобкунандагонро бо мӯҳтавои барномаи пешазинтихоботии худ шинос намуданд.
Дар фарҷом аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки санаи 18 феврали соли 2024 дар интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд фаъолона иштирок намоянд.