Раёсати Хадамоти муҳоҷират: Соли гузашта 4548 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд

Дар соли 2023 ба Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд 4548 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд. Дар ин бора сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Саид Камолзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои Саид Камолзода дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшҳои Хадамоти муҳоҷират фаъолият доранд ва шаҳрвандон метавонад ҳамарӯза муроҷиат намоянд.

Дар самти муҳоҷирати экологӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират барои сафарбаркунии аҳолӣ ба ҷойҳои бехавф мунтазам чораҷуӣ менамояд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, рақами 648 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 25 декабри соли 2020, рақами 385 "Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кучонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023" 60 оилаи муҳоҷирони экологӣ ба ҷойҳои бехавф кучонида шуданд.