Дар соли 2023 бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд 295 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шудааст. Дар ин бора сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Шермуҳаммад Нодирӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Тавассути ярмаркаҳо 3865 нафар бекорон бо кор таъмин гардида, 2403 нафар ба касбомўзӣ ва 538 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар карда шудаанд.
Ҳамзамон, ба 751 нафар шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши соҳибкорӣ намуданро доштанд, 2 миллиону 907 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Аз ҷумла, барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба 213 нафар 842 ҳазор сомонӣ қарз пешниҳод гардидааст.