Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО

Аз 29 январ то 16 феврали соли равон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин ташкилоту идораҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 нишастҳои матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, дар асоси он нақшаи вилоятӣ омода ва қабул гардидааст.

Дар нишастҳои матбуотӣ раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳисобот пешниҳод намуда, ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб мегардонанд.

Ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ