Ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ  ва Нурафшони шаҳри Исфара нақшаи даъвати баҳориро иҷро карданд

Гуруҳи аввалини ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара, ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди шаҳр, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар - Ватан кардаанд, ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд.

Бино ба иттилои Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдории Исфара ба ин муносибат дар майдони Шоҳ Исмоили Сомонии маркази шаҳр бо ширкати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайвандони ҷавонони адои хизмати Модар-Ватанро ихтиёр намуда ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни суханронии хеш изҳор дошт, нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъватӣ башорат медиҳад.

Зеро, дар оғоз ва нахустин рӯзҳои маъракаи даъвати бахори  ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ  ва Нурафшон аз иҷрои меъёрҳои муқарраршудаи даъватӣ бо сарбаландӣ паём расониданд.

Шаҳрдори Исфара бо зикри он, ки аҷдодони хирадманди мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд, бузургмардоне чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва даҳҳо дигаронро, ки хушбахтии комили мардуми худро дар мавҷудияти Ватан дидаву баҳри ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, тимсоли қаҳрамонӣ ва ватандорӣ арзёбӣ намуда, ҳомиёни ояндаи Ватанаро ба хизмати содиқонаю бошарафона ҳидоят намуд.

Баромадкунандагон зимни суханронӣ аз муқаддас будани Ватан ва ҳатмӣ будани хизмати ҳарбӣ ёдовар шуда, бо тазаккури зарурияти дифоъ аз марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол ва шарафу номуси миллат, ба ҷавонон дар адои хизмати аскарӣ сабру таҳаммул, шуҷоату далерӣ, бурдбориву сарбаландӣ ва музаффариятҳои беназирро таманно намуданд.

Ҳунарнамоии аҳли фарҳанги шаҳр ва шодиву нишоти сарбозону наваскарон анҷомбахши ин ҷамъомади бошукуҳ буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд