Мастчоҳ: Дар шаҳраки Ганҷобод кӯдакистони нав бунёд мегардад

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиён сохтмони кӯдакистони наву замонавӣ оғоз гардид.

Иншоот аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 240 нафар (8 гурӯҳ) пешбинӣ гардидааст.

Фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва пудратчии он ҶДММ «Муҳандис» мебошанд. Лоиҳаи бино бо назардошти талаботи соҳа омода гардида, мувофиқи он ҳар гурӯҳ дорои утоқҳои алоҳидаи хобу истироҳат, машғулиятгузаронӣ, хӯрокхӯрӣ, дастшӯӣ ва либосивазкунӣ мебошад. Баробари ин, утоқҳои алоҳидаи таълимиву корӣ низ ҷой дода шуда, дар таҳхонаи он ду ҳавзи шиноварӣ ва дар саҳни он бунёди 8 айвон ба нақша гирифта шудааст.

Барои сохтмони иншоот беш аз 20 сохтмончӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Феълан дар ноҳияи Мастчоҳ 12 кӯдакистон фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 1400 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.