Имрӯз дар шаҳри Истаравшан Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ таҳти унвони «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат» доир мегардад.
Дар назар аст, ки дар форум беш аз 150 нафар намояндагони ширкату корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бонкҳо, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намоянд.
Форуми минтақавӣ бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд баргузор гардида истодааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд