Баргузории мизи мудаввар бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар самти пешгирии зӯроварӣ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсиаи танзими оилаи Тоҷикистон» вобаста ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои сохторҳои давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд дар самти пешгирии зӯроварӣ бо иштироки намояндагони масъули вазорату идораҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯзҳои 29-31 марти соли равон суҳбат дар атрофи мизи мудаввар баргузор гардид.

Мизи мудаввар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Исфараву Хуҷанд бо иштироки масъулин аз ҳисоби кормандони шуъбаи кор бо занон ва оила, корҳои дохилӣ, прокуратура, суд, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ҷавонон ва варзиш, раисони ҷамоатҳо гузаронида шуда, масъулин дар мавзӯи «Такмили низоми қонунгузорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи зӯроварӣ – заминаи муҳим барои фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи занон бидуни зӯроварӣ», «Таҳкими ҳамкориҳои Агентии омор бо вазорату идораҳо, шарикони рушд ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти такмили омори гендерӣ ва омори зӯроварии хонаводагӣ», «Саҳми сохтори тандурустӣ дар раванди ҳамкориҳои байнисоҳавӣ баҳри ҳалли масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Таҳкими фаъолияти ходимони дин дар самти пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хуршедахон Хоҷазода дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобаста ба масъалаҳои зӯроварӣ дар оила ва вусъат додани чорабиниҳои муштараки маърифатӣ бо оилаҳои носолим ва ноустуворе, ки дар онҳо мунтазам ҳодисаҳои зӯроварӣ ҷой доранд» ва сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят Бахтиёр Сарҳадов дар мавзӯи «Рафти амалишавии «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» дар муассисаҳои таълимии вилоят» сухан гуфта, ҳадаф аз баргузории мизи мудавварро, пеш аз ҳама дарёфти роҳҳои нави корбарӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва таклифу пешниҳод барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» арзёбӣ карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд