Сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар таҳияи нав фаъол гардид

Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №344 “Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет” сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  азнавсозӣ карда шуда, рӯзи 31 март бо тарҳу ороиши нав фаъол шуд.

Сомона аз бахшҳои «Навид», «Хабарҳои рӯз», «Саноат ва иқтисодиёт», «Иҷтимоиёт», «Кишоварзӣ», «Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ», «Эълон ва озмунҳо», «Мақолаҳо», «Тамос», «Суратгузориш», «Веб-каталог» иборат буда, дорои маълумоти зарурӣ доир ба вазъи соҳаҳои гуногун, роҳбарияти вилоят, ҷадвали қабули шаҳрвандон мебошад.

Сомона бо дастгирии Барномаи рушди СММ ва аз ҷониби мутахассисони Маркази технологияҳои итттлоотии "Кова" азнавсозӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд яке аз сомонаҳои фаъоли расмӣ буда, ҳамарӯза аз ҷараёни ҳодисаву воқеаҳо хабару гузоришҳо нашр менамояд. Танҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар сомонаи мазкур 330 адад хабару гузоришҳо ба нашр расидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд