Дар қисмҳои низомии ҳудуди вилоят ба муносибати Соли нави мелодӣ барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуд.
Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо ба қисмҳои низомӣ рафта, сарбозонро табрик намуда истодаанд.
Аз ҷумла, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода якҷо бо роҳбарияти шаҳри Исфара ба қисми ҳарбии 02267 ташриф оварда, аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сарбозони далеру шуҷоъро б Соли нави мелодӣ сидқан шодбош гуфтанд.
Зимни ироаи паёми муборакбодӣ аз ҷумла зикр намуданд, ки ақлу хиради азалии мардуми тоҷик ва рўҳи тавонои Пешвои асили халқу миллат, сармеъмори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз мардуми кишвар дар сулҳу оромӣ умр ба сар мебаранд ва дар ин росто саҳми сарбозону афсарони ин қисми ҳарбӣ кам нест.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар Паёми имсолаи худ Президенти мамлакат ба масъалаи бунёди дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва нақши мақомотҳои маҳалливу соҳибкорон дахл намуда, таъмини амният ва суботи ҷомеаро муҳимтарин рисолати инсониву виҷдонӣ маънидод карданд.
Дар идома бо оростани дастархони идона, баргузории чорабинии фарҳангӣ, додани дастовезҳои моддиву маънавӣ Соли нав дар ин қисми ҳарбӣ шукуҳу шаҳомати тоза касб кард.