Мастчоҳ. Ба 22 нафар ятими кул туҳфаи солинавӣ тақдим карда шуд

29 декабр муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ғамхории ҳамешагӣ фаро гирифтани ятимону бепарасторон 22 нафар ятими кулли ноҳияро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, барояшон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.

Ба ин муносибат ҳамчунин дар тарабхонаи “Шоми Мастчоҳ”-и шаҳраки Бӯстони ноҳия бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои 22 нафар ятими кул дастархони солинавӣ ороста шуд.

Зимни табрики ятимон таъкид гардид, ки дастгирии ятиму бепарасторон, маъюбону фақирон дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад, ки инро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрию суханрониҳояшон бо аҳли ҷомеа қайд карда, дигаронро низ пайваста барои дастгирии ин қишри ҷомеа ва ёрӣ ба онҳо таъкид мекунанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд бояд ҳаргиз худро яккаву танҳо ҳис накунанд ва онҳоро мебояд, дар фазои сулҳу оромӣ, бо истифода аз шароиту имконоти фаррохи илмомӯзӣ таҳсил намуда, бо маърифати баланди инсонӣ баҳри ояндаи дурахшони Ватан хизмат намоянд.