Дар шаҳри Исфара ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид

Бо мақсади таъмини сокинони шаҳр бо маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи хӯрокаи хушсифат дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ташкил карда шуд.

Дар фурӯшгоҳи муваққатӣ, ки дар пешорӯйи боғи фарҳангию фароғатии маркази шаҳр ҷойгир буд,  ба шаҳрвандон беш аз 20 намуди маҳсулот пешниҳод гардид.

Деҳқонони ҷамоатҳои Шаҳрак, Чилгазиву Чоркуҳ, Лаккону Сурх, Навгилему Хонобод ва  Кӯлканду Ворух, корхонаҳои консервбарории “Висол”, “Ширин” ва «Субҳи Ватан»   маҳсулоти худро бо нархҳои аз 15- то 30 % нисбати бозорҳои шаҳр арзон манзури харидорон намуданд.

Бештари харидорон аз имконияти мувофиқ истифода бурда, маҳсулоти полезӣ, аз қабили сабзию картошка, гӯшту биринҷ ва дигар маводи ғизоиро барои дастурхони солинавии  хеш харидорӣ менамуданд.

Сокинон бо изҳори қаноатмандӣ аз ташкили чунин фурӯшгоҳи сайёр қайд намуданд, ки ин тадбир бешак барои нисбатан паст намудани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои муқаррарии шаҳр мусоидат хоҳад кард.