Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Истифодаи технологияи муосир дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040” баргузор гардид.
Дар конфронс таъкид гардид, ки дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илмҳои дақиқ, рӯ овардан ба технологияи муосири таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷойгоҳи махсус дошта, Роҳбари давлат борҳо дар мулоқот бо аҳли маориф зарурияти омода кардани мутахассисони касбии соҳаро амри воқеӣ медонанд. Чунончӣ дар яке аз баромадҳояшон зикр доштанд: “Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд”.
Воқеан барои рушду такомули илмҳои дақиқ, техникаву технология дар фосилаи 32 соли соҳибистиқлолӣ корҳои азиме ба сомон расонида шуда, Ҳукумати мамлакат бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияи нав ва махсусан рушди соҳаи саноат дар кишвар, беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии муҳаққиқон ва тарбияи насли нави мутахассисони илмҳои дақиқ соли 2010-ро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намуд. Ҳамчунин ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардид.
Ҳадафи Пешвои муаззами миллат бо роҳандозии тадбирҳои мазкур пеш аз ҳама омода кардани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки иқтидори истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ сол то сол зиёд гардида истодааст. Ба мамалакат мутахассисоне лозим ҳастанд, ки аз лиҳози касбият, дониш ва нерӯмандӣ тавонанд бо технологияи муосири идоракунӣ кор карда тавонанд.
Имрӯз зарурате пеш омадааст, ки мо дар зеҳну тафаккури насли наврас ва ҷавон омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзиро бештар талқин намоем. Зеро ояндаи миллат, пешрафт ва шукуфоии он аз чунин ҷавонони қобилиятнок ва соҳибистеъдод вобастагии калон дорад.
Сипас тибқи рӯзномаи конфронс маърӯзаҳои илмӣ аз ҷониби олимону донишмандони соҳа, аз ҷумла Х. Мақсудов "Фанҳои дақиқ ва нақши онҳо дар ташаккули салоҳиятҳои касбии муҳандисон", Ҳ. Маҷидов "Ташаккул додани маҳорати эҷодӣ ва техникии бакалаврҳо тибқи муносибати босалоҳият ба таълим", Ё. Мӯҳсинов "Амсиласозии математикӣ ва бозиҳои дифференсиалӣ", М. Усмонова "Истифодаи платформаҳои интерактивӣ дар раванди таълим", Н. Азимова "Усулҳои таълими фаъоли фанҳои дақиқ дар МТОК", М. Мӯҳсинзода "Таҷрибаи ширкати мутахасисони роҳи абрешим дар гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо" шунида шуд.
Конфронс кори худро дар бахшҳои дигар идома бахшид.