Дар ДДХ вобаста ба масъалаҳои мубрами назарӣ ва амалии фанҳои санъати тасвирӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами назария ва амалияи фанҳои санъати тасвирӣ, нақшакашӣ, ҳунарҳои халқӣ ва технология (таълими меҳнат) дар саноатикунонии ҷумҳурӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки пас аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маънавибунёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳунарҳои халқӣ, нақшакашӣ ва дизайн эътироф гардид.

Таъкид шуд, ки таваҷҷуҳ ба ҳунар ва ҳунармандӣ, шаҳрсозӣ ва алоқамандӣ пайдо намудан ба технологияҳои навтарини касбу кори гуногун яке аз фазилатҳои сиёсати Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, ки Пешвои миллат дар ҳамаи баромадҳояшон ба рушди бемайлони ин соҳаи бениҳоят арзишманд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои боло бурдани завқу салиқаи ҷавонон дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Дар конференсия дар мавзуъҳои «Коркарди санг ва истифодаи он дар рушди саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Саҳми Пешвои миллат дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ва саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаҳо ироа гардид.

Конференсия кори худро дар панҷ бахш вобаста ба масъалаҳои мубрами назария ва амалияи фанҳои санъати тасвирӣ, нақшакашӣ, ҳунарҳои халқӣ ва технология дар саноатикунонии мамлакат идома бахшида, зиёда аз 100 маърузаи илмии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба мавзуъ мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор гирифтанд.