"Зиндагӣ бо муҳаббат зебост!"

Дар доираи баргузории маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» дар асоси нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии «АЗИТ» дар хатсайри Хуҷанд-Бўстон дар мавзўи «Зиндагӣ бо муҳаббат зебост!» бо мусофирон мусоҳиба гузаронида шуд.

Дар рафти мусоҳиба ба сокинон-мусофирон оид ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила», «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» маълумот дода шуда, доир ба пешгирии зўроварию хушунат дар оила, падидаҳои номатлуб, гирифтани пеши роҳи бекоршавии ақди никоҳ, ба роҳ мондани ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми аъзои оила, таҳаммулгароӣ ва бунёди оилаи ободу тифоқ даъват ба амал оварда шуд.

Ҳамчунин, бо ҷомеаи шаҳрвандӣ-мусофирон саволу ҷавоб гузаронида шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.​

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур водор таҳкими пойдории оила ва эҷоди фозои орому осуда арзёбӣ гардид.