Дар Истаравшан бинои иловагии таълимӣ ба истифода дода шуд

16 ноябри соли равон дар деҳаи Ободии деҳоти “Гули сурх” ба муносибати Рӯзи Президент бинои иловагии таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони бинои мазкур соли 2018 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон ва кумитаи падарону модарони муассиса оғоз гардида буд.

Бино аз 10 синфхонаи барҳаво иборат буда, барои 600 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст. 

Барои сохтмони бино наздики 1 млн. сомонӣ сарф шудааст. Ҳамаи синфхонаҳои бинои талимӣ ба системаи ягонаи гармидиҳӣ васл карда шудаанд.

Айни замон дар муассисаи мазкур 850 хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 45 нафар омӯзгор дарс медиҳанд, ки чаҳор нафарашон “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошанд.