Роҳпаймоии ҷавонону варзишгарони вилоят бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 16 ноябр дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд роҳпаймоии ҷавонону варзишгарони вилояти Суғд таҳти унвони "Бо Президентам ифтихор дорам!" баргузор шуд, ки дар он ҳазорҳо нафар иштирок намуданд.

Ҷавонону варзишгарон бо ҷонибдорӣ аз сисёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» то назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ роҳпаймоӣ карданд.

Бояд гуфт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддун, фарҳанги куҳанбунёди давлату миллатамон, на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расониданд, балки дар ваҳдату суботи тамоми минтақа саҳми бузург ва беназир гузоштанд.

Мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд аз он ифтихор доранд, ки дар саргаҳи ташаккули муваффақонаи давлатдории навинамон, маҳз заҳмату талошҳои ҷоннисоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба шарофати иродаи қавӣ ва мавқеи устуворашон дар кишвар сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, пешравию шукуфоӣ барқарор ва ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин карда шуд.