Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 то 16 ноябр якумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ баргузор мегардад.
Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварии вилояти Суғд доир хоҳад шуд.
Дар назар аст, ки дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгарони Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Гурҷистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Арманистон иштирок намоянд.