ҲИСОБОТ дар бораи натиҷаи иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети вилояти Суғд дар нуҳ моҳи соли 2023

Тибқи маълумоти омори давлатӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди минтақа дар вилоят ба 24472,7 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,2 фоиз баробар гардида, саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 27,2 фоиз баробар шудааст.

Афзоиши нишондиҳандаи мазкур дар ин марҳила асосан аз ҳисоби афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 7,5 фоиз, кишоварзӣ 15,0 фоиз, гардиши савдои чакана 11,1 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ 3,6 фоиз  ва ғайра таъмин гардид.

Дар ин замина ва дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) ба андозаи 105,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷети давлатӣ 3683,9 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нақша 189,0 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 485,7 млн. сомонӣ ё 15,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар ҷамъбасти нуҳ моҳи соли 2023 дар вилоят иҷрои нақшаи воридот ва дигар сарчашмаҳои нақшавии даромади буҷет, пурраю барзиёд таъмин гардида, ҳамаи шаҳру ноҳияҳо уҳдадории худро дар иҷрои даромадҳои буҷети давлатӣ таъмин карданд.

Тибқи маълумоти мақомоти андоз дар вилоят иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ дар нуҳ моҳи соли 2023 ба андозаи 101,3 фоиз ва ба маблағи 776,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба андозаи 102,4 фоиз ё ба маблағи 288,4 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100,7 фоиз ё ба маблағи 488,1 млн. сомонӣ таъмин гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ тибқи тартиби муқаррарӣ роҳандозӣ шуда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ҳиссаҷудокуниҳо аз андозҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди вилоят қарордошта ворид гардид, ба маблағи 1066,0 млн. сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 101,5 млн. сомонӣ ё 10,5 фоиз ва нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм 196,0 млн. сомонӣ ё 22,5 фоиз зиёд мебошад.

Нақшаи даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ дар ин давра ба андозаи 104,3 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 2049,4 млн. сомонии нақшавӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ 2138,0 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 88,6 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли сипарӣ 251,1 млн. сомонӣ ё 13,3 фоиз зиёд мебошад.

Давоми давраи сипарӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар вилоят бо мақсади кам кардани бақияи қарзи андозҳо бо тартиби пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд, ҳаҷми бақияпулиҳои андоз дар ҳолати 1 октябри соли 2023 (бе назардошти бақияи қарзи андозсупорандагони калон) 66,3 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба аввали сол 5,3 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм 5,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра, бо сабаби аз ҷониби андозсупорандагон сари вақт таъмин накардани уҳдадориҳои андозӣ нисбати 4529 андозсупоранда 5589 қарори маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо, ба маблағи умумии 157,8 млн. сомонӣ, қабул ва мавриди иҷро қарор дода, аз ин ҳисоб, бо назардошти қарорҳои қабулшудаи солҳои қаблӣ, 121,1 млн. сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст.

Маблағи асосии бақияпулиҳоро бақияи қарзи андози иҷтимоӣ ба маблағи 22,7 млн. сомонӣ (34,2 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо), низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягона) 7,9 млн. сомонӣ (12,0 фоиз), андоз аз молу мулки ғайриманқул 7,3 млн. сомонӣ (11,1 фоиз), пардохтҳои ҷумҳуриявӣ 5,6 млн. сомонӣ (8,5 фоиз), андоз аз арзиши иловашуда 5,0 млн. сомонӣ 7,6 фоиз), андози низоми содакардашуда 4,7 млн. сомонӣ (7,2 фоиз) ва ғайра ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми зиёди маблағи бақияпулиҳо ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 10,8 млн. сомонӣ (16,4 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо), Зафаробод 8,3 млн. сомонӣ (12,5 фоиз), Истаравшан 7,9 млн. сомонӣ (11,9 фоиз), Исфара 7,7 млн. сомонӣ (11,6 фоиз), Бобоҷон Ғафуров 6,3 млн. сомонӣ (9,5 фоиз), Мастчоҳ 5,8 млн. сомонӣ (8,8 фоиз), Панҷакент 5,6 млн. сомонӣ (8,5 фоиз) ва боқимонда ба дигар шаҳру ноҳияҳо рост меояд.

Маблағгузории қисми хароҷоти буҷети вилоят дар соли 2023 тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дар асоси қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, дар ин давра ба иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят, дар маҷмӯъ, 2034,2 млн. сомонӣ равона гардид, ки 98,7 фоизи нақшаи аниқшударо ташкил дода, нисбат ба нақша 25,9 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба хароҷоти амалии ҳамин давраи соли гузашта 171,5 млн. сомонӣ ё 9,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар маблағгузории буҷетҳои маҳаллӣ афзалият, чун ҳарвақта, ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф, нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳангу варзиш дода, барои маблағгузории соҳаҳои зикршуда дар ин марҳила 1668,9 млн. сомонӣ масраф гардид, ки ба 82,0 фоизи ҷамъи хароҷоти амалии гузаронидаи буҷетҳои маҳаллӣ баробар мебошад.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ба нигоҳдорӣ ва рушди муассисаҳои соҳаи маориф 979,2 млн. сомонӣ равона гардид, ки 98,2 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақшаи аниқшуда 17,4 млн. сомонӣ кам аст. Баробари ин, бояд қайд кард, ки маблағгузории буҷетӣ ба соҳаи маориф нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 118,5 млн. сомонӣ ё 13,8 фоиз зиёд шуда, хароҷоти соҳа дар хароҷоти умумии буҷети вилоят ба 48,1 фоиз баробар гардид.

Барои маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар ин давра 472,7 млн. сомонӣ равона гардид, ки 99,1 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақшаи аниқшуда 4,1 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 55,6 млн. сомонӣ ё 13,3 фоиз зиёд мебошад. Дар марҳилаи ҳисоботӣ ҳиссаи хароҷоти соҳаи тандурустии вилоят дар хароҷоти амалии буҷетҳои маҳаллӣ ба 23,2 фоиз баробар шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузориҳо бо назардошти хароҷоти сохтмони асосӣ ба соҳаҳои ҳокимият ва идораи давлатӣ 69,5 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 21,2 млн. сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 141,9 млн. сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 195,9 млн. сомонӣ, кишоварзӣ 21,8 млн. сомонӣ, саноат ва сохтмон 0,1 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 49,4 млн. сомонӣ ва хароҷотҳои ғайра 3,0 млн. сомониро ташкил дод.

Дар нуҳ соли 2023-юм аз буҷети вилоятӣ ба шаҳру ноҳияҳое, ки даромадашон хароҷоташонро намепӯшонад, ба маблағи умумии 265,9 млн. сомонӣ субвенсия ҷудо гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллӣ, дар маҷмӯъ, 160,4 млн. сомонӣ ворид ва 146,5 млн. сомонӣ харҷ гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарӣ ба даромади буҷетҳои маҳаллӣ ҳамагӣ 5,9 млн. сомонӣ ворид карда шуд.

Дар ин марҳила ба буҷети маҳаллии вилоят аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунии байнибуҷетӣ 417,9 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок ворид гардида, мувофиқи мақсад масраф карда шуд.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли равон аз ҷониби шуъбаи аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва мутахассисони аудити дохилии раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 301 ташкилоту муассиса аудиту таҳлил гузаронда, ба  маблағи умумии 4698,2 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки аз он хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 1361,5 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 2346,1 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 51,1 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 314,9 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 20,4 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 604,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии зарари молиявӣ 3405,5 ҳазор сомонӣ (72,0 фоиз), аз ҷумла ба буҷет 3044,3 ҳазор сомонӣ ва ба ҳисоби корхонаҳо 361,2 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.

Ғайр аз ин, дар ҷараёни аудиту таҳлилҳо камбудӣ ва норасоиҳое, ки ба зарари молиявӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 949,2 ҳазор сомонӣ ошкор ва 768,0 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.

Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ 76 маводи аудит, ба маблағи умумии 3722,3 ҳазор сомонӣ, ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарори дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Хадамоти матбуоти Сарраёсати

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд