Исфара. Ифтитоҳи шуъбаи нав дар беморхонаи Чилгазӣ

Бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи тиб, беҳдошти таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, такмил додани донишу малака ва маҳорати кормандони соҳа тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Боиси қаноатмандист, ки солиёни ахир соҳаи тандурустии Исфара ба таври назаррас рушд меёбад, пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои соҳа пайваста мустаҳкам гардида, сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ беҳбудӣ меёбад.

Дар арафаи ҷашни 29 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи минтақавии рақами 3-и Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ шӯъбаи эҳё ва ҷарроҳӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Шӯъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ барои 4 кати эҳёгарӣ ва 14 кати ҷарроҳӣ пешбинӣ гардида, таҷҳизоти замонавии ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 1 миллиону 225 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст.

Кормандони соҳа дар шуъбаи замонавӣ ба эҳтиёҷмандони ҷамоат хизматрасонии тиббиро аз рӯи ҳамаи намуди ёрии аввалияи ҷарроҳӣ ба роҳ хоҳанд монд.