1 ноябри соли 2023 дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни бонувон баргузор шуд.
Дар расми ифтитоҳи чорабинии варзишӣ ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Давлатов, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов иштирок ва баромад намуданд.
Зикр шуд, ки мусобиқаи мазкур ба муносибати Рӯзи Конститутсия дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ноябр оғоз шуда, то 5 ноябр идома меёбад.
Дар ин мусобиқа беш аз 80 нафар варзишгарон аз шаҳру навоҳии мамлакат иштирок намуда, дар ҳайати даставӣ байни ҳам рақобат менамоянд.
Дастаҳои ғолиб муайян ва қадршиносӣ хоҳанд шуд