Шаҳри Бӯстон аз аввалинҳо шуда нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуд

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд "Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2023" дар шаҳри Бӯстон чораҳои зарурӣ андешида шуд.

Фаъолияти босамари ситоди шаҳрӣ, комиссияи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, амалӣ гардонидани тадбирҳои судманд ва роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, анҷом додани мулоқоту вохӯриҳо бо насли ҷавон ва волидайни онҳо, баргузории силсилаи чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишии "Корвони ватандӯстӣ", рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои ҳадафманд имкон дод, ки шаҳри Бӯстон санаи 31 октябри соли ҷорӣ яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи босифати даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбиро ба пуррагӣ иҷро намояд.

Боиси таъкид аст, ки шаҳри Бӯстон тӯли 2 соли охир нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз аввалинҳо шуда иҷро менамояд.