27 октябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Терроризм ва экстремизм - хатар ба амнияти инсоният» баргузор шуд.
Дар конференсия олимону донишмандон ва роҳбарону намояндагони муассисаҳои илмиву таълимӣ ва мақомоти муборизабаранда ба ин зуҳурот иштирок намуданд.
Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Темур Туйчизода доир ба хатарҳои терроризм лар ҷаҳони муосир баромад кард.
Сипас, як зумра олимону коршиносон дар мавзӯҳои «Роҳҳои пешгирии ақидаҳои террористиву экстремистӣ байни ҷавонони Тоҷикистон», “Муқовимат ба терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Кибертерроризм ва хатарҳои он ба амнияти иттилоотӣ”, “Терроризм, экстремизм ва хатари он ба ҷаҳони муосир”, " Самтҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати муқовимат бо терроризму экстремизм ва таъмини амнияти минтақа” маърӯза намуданд.
Зикр шуд, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад.
Конференсияи байналмилалии «Терроризм ва экстремизм - хатар ба амнияти инсоният» баъди нисфирӯзӣ дар ҳафт бахш идома хоҳад кард.
Ба конфронс беш аз 130 мақола аз ҷониби олимону коршиносон аз муассисаҳои таҳсилоти касбии олии мамлакат ва хориҷи кишвар ирсол гардидааст, ки дар шакли маҷмуа ба нашр мерасад.