Ба таваҷҷӯҳи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд!

Ба таваҷҷуҳи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд расонида мешавад, ки бо мақсади таъмини саривақтии шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои лоиҳаи «Ислоҳоти низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» дар деҳаҳои дурдасти сераҳолӣ бо усули «САҲШ-и сайёр» бо истифода аз микроавтобусҳои хурд асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

Тибқи нақша усули «САҲШ-и сайёр» бо истифода аз микроавтобусҳои хурд дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳру ноҳияҳои зерин барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ сафарбар мегардад:

-аз 30 октябри соли 2023 то 4 ноябри соли дар ҷамоатҳои деҳоти Рудакӣ, Саразм ва Амондараи шаҳри Панҷакент;

-аз 7 то 8 ноябри соли 2023 дар ҷамоатҳои деҳоти Бунҷикат ва Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон; 

-аз 9 то 14 ноябри соли 2023 дар ҷамоатҳои деҳоти Сурх, Пошкент, Зарҳалол ва Ҷавқандаки шаҳри Истаравшан;

-аз 15 то 18 ноябри соли 2023 дар ҷамоатҳои деҳоти Ваҳдат, Далёни Боло ва Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич;

-аз 20 то 22 ноябри соли 2023 дар ҷамоатҳои деҳоти Ҷомӣ, Равшан ва Ҳомид Алиеви ноҳияи Зафаробод;

 -аз 23 то 27 ноябри соли 2023 дар ҷамоатҳои деҳоти Хуррамзамин, Сарбанд, Куруш ва Тоғояки ноҳияи Спитамен;

-аз 28 ноябри соли 2023 то 1 декабри соли 2023 дар ҷамоатҳои деҳоти Ғулакандоз, Деҳмой, Гулхона ва Сомониёни Ҷаббор Расулов;

-аз 2 то 7 декабри соли 2023 дар ҷамоатҳои деҳоти Ёва, Унҷӣ, Ҳайдар Усмон ва Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

-аз 8 то 12 декабри соли 2023 дар ҷамоатҳои деҳоти Зарнисор, Навгарзан ва Адрасмони шаҳри Гулистон;

-аз 11 декабри соли 2023 дар ҷамоатҳои деҳоти Палоси шаҳри Бӯстон;

-аз 12 то 16 декабри соли 2023 дар ҷамоатҳои деҳоти Лоҳутӣ, Куҳандиёр, Г.Ортиқов ва Э.Шарифови шаҳри Конибодом;

-аз 18 то 21 декабри соли 2023 дар ҷамоатҳои деҳоти Навгилем, Чилгазӣ, Сурх ва Нефтободи шаҳри Исфара;

-аз 22 то 26 декабри соли 2023 дар ҷамоатҳои деҳоти Ошоба, Понғоз ва Ифтихори ноҳияи Ашт;

-аз 27 то 29 декабри соли 2023 дар ҷамоатҳои деҳоти Оббурдон, Палдорак ва Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ.

Аз сокинони вилоят бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоем, ки аз иқдоми наҷиб самаранок истифода намуда, кудакони хешро ба қайди давлатӣ гирифта,  шаҳодатномаи таваллудро бигиранд.

Шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Суғд