Дар Донишкадаи кӯҳ­ию металлургии Тоҷик­истон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

21 октябр бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-20226) дар До­нишкадаи кӯҳию метал­лургии Тоҷикистон та­ҳти унвони «Коркарди металлургии самаран­ок, экологияи ва руш­ди устувор» конферен­сияи илмӣ-амалии ҷум­ҳуриявӣ баргузор гар­дид.

Дар конференсия рект­ори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба истифодаи самараноки коркарди металлҳо, истифодаи самараноки канданиҳои фоидано­к, истифодаи дурусти иқтисодиёти рақамӣ дар саноат, баланд бардоштани мафкураи молиявии донишҷӯён, сифатнок гардонидани корҳои озмоишгоҳӣ, баланд бардоштани дон­ишу малакаи донишҷӯён ва кормандони соҳаи саноат, истифодаи дурусти формулаҳои иқтисодӣ, ба роҳ монд­ани машваратҳои илмӣ- амалӣ дар корхонаҳ­ои саноатӣ сухан гуф­т.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба саноа­тчиён имконияти зиёд фароҳам оварда шуда­аст, ки бояд аз он дуруст истифода бурда, дар рушди Ватан са­ҳм гузошт.

Дар конференсия дар мавзуъҳои «Масъалаи иқтисодиёти рақамӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодӣ», «Дурнам­ои азхудкунии конҳои канданиҳои фоиданоки вилояти Суғд дар давраи саноатикунонии мамлакат» маърузаҳо пешниҳод ва масъалаи металлургӣ ва исти­фодаи самараноки он дар давраи саноатику­нонии ҷумҳурӣ баррасӣ гардид.