Таҷлили Рӯзи соҳибкорон дар Суғд

14 октябри соли 2023 бахшида ба Рӯзи соҳибкорон дар толори Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд мулоқот бо соҳибкорон ва аъзоёни Палатаи савдо ва саноат баргузор гардид.    

Нахуст Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Мухамедҷонов аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷӯрахон соҳибкоронро бо иди касбиашон табрик намуд.

Зикр гардид, ки бо ибтикору таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои соҳибкорони ватанӣ дастгирӣ ёфта, имрӯз онҳо дар ободонии кишвар саҳми арзандаи хешро  гузошта истодаанд.

Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон ба самъи иштирокчиён расонид, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Саҳми соҳибкорони бо нангу номуси вилоят дар пешбурди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят назаррас аст. Зеро ҳамасола аз ҷониби онҳо корхонаҳои саноатӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва ғайра сохта, ба истифода дода мешаванд. Мавриди зикр аст, ки дар вилояти Суғд зиёда аз 113,0 ҳазор нафар соҳибкор  фаъолияти пурсамар дорад.

Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои истеҳсолии хоҷагии халқи вилоят аз он дарак медиҳад, ки маҳз тавассути азму талошҳои шоистаи соҳибкорони ватандӯст ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ марҳила ба марҳила афзуда, ба бунёд ва фаъолияти коргоҳҳои нав вобастагӣ дорад. Афзудани шумораи коргоҳҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ маҳз ба натиҷаҳои назарраси фаъолияти ҳар яки Шумо соҳибкорон алоқаманд аст.

Баробари ин саҳми соҳибкорони вилоят дар самтҳои дигари иҷтимоиёт, аз ҷумла рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташаккули соҳаи кишоварзӣ, хизматрасонию савдо, бунёди мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ, ташаккули сектори хусусии соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, татбиқи технологияҳои  инноватсионӣ, хайру эҳсон нисбат ба ниёзмандон хеле назаррас арзёбӣ мегардад».

Дар идома ба муносибати Рӯзи соҳибкорон ва саҳми арзандаи соҳибкорон дар рушди иқтисодиёти мамлакат, саноатикунонии босуръати кишвар, иштироки фаъолона дар намоишгоҳҳои дохилию  хориҷӣ ва дигар чорабиниҳои муҳим роҳбарони як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ, соҳибкорон ва аъзои Палата бо сипосномаи Палатаи савдо ва саноат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар интиҳои мулоқот соҳибкорон оид ба дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ва пешниҳоди имтиёзҳои бештар ба соҳибкорон миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат изҳор намуда, қайд карданд, ки дар оянда низ баҳри пешрафти Ватани азизамон корҳои созандагиву бунёдкориро вусъат мебахшанд.