Қабули мавод ба озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2023» идома дорад

Қабули мавод ба озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда - 2023» идома дорад.

Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи  журналистӣ таҳти унвони «Хома созанда – 2023» (минбаъд Озмун) аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят гузаронида шуда, дар он рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии вилояти Суғд, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, новобаста аз шакли моликияташон иштирок карда метавонанд.

Соли ҷорӣ озмун аз рӯи номинатсияҳои «Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи саноат», « Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ» гузаронида мешавад. Дар озмун журналистон метавонанд силсилаи гузориш ва барномаҳои телевизионӣ, силсилаи гузориш ва барномаҳои радиоӣ, маводи чопӣ ва интернетӣ, инчунин лавҳаи телевизионӣ ва интернетроликҳои омодакардаи худро пешниҳод намоянд.

Ҳар як иштирокчии озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод  пешниҳод намояд.  Дар озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ   силсиламавод омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гуруҳи эҷодӣ танҳо аз рӯи як номинатсия барои иштирок дар озмун довталабӣ карда метавонад ва дар назар дошта шавад, ки маводи пешниҳодшаванда бояд давоми сол омода ва таҳия шуда бошад (маводи журналистие, ки танҳо моҳҳои охири сол таълиф шудаанд, барррасӣ карда намешавад).
Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Хомаи созанда – 2023» пешниҳодшуда  бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январи соли 2023 то 1 октябри соли 2023 пахш ва ё нашр гардида бошад.

Журналистоне, ки дар озмуни вилоятии «Хомаи созанда – 2022» соҳиби ҷойи аввал шуда буданд, наметавонанд дар озмуни имсола иштирок намоянд.