Имрӯз гуруҳи аввалини варзишгарон ҷиҳати иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ ба шаҳри Хуҷанд ташриф овард.
Варзишгарони Ҷумҳурии Муғулистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи гӯштини камарбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.
Ёдовар бояд шуд, ки қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ миёни наврасони 18-20 сола дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд рӯзҳои 13 ва 14 октябр баргузор мешавад.
Дар назар аст, ки дар мусоибқаи мазкур варзишгарони 20 кишвари ҷаҳон иштирок намоянд.




