Дар шаҳри Хуҷанд барои сармутахассисон-сармуҳосибони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯйи барномаи “Сиёсати молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт” курси сайёри такмили ихтисос ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи расмии курси такмили ихтисос ректори Академияи идоракуннии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил, ноибони ректор, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок намуданд.
Дар назар аст, ки дар доираи курси сайёри такмили ихтисос дар мавзуъҳои шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизми идоракунии зиддибуҳронӣ ва нақши он дар амнияти иқтисодии корхона, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар мақомоти давлатӣ, психологияи муоширати касбӣ, забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва амсоли ин машғулиятҳо гузаронида шавад.
Ҳамзамон дар фарҷоми курс дар мавзӯи “Сиёсати молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт: ҳолат ва дурнамо” баргузории мизи мудаввар дар назар дошта шудааст.




