Дар асоси ҷадвали баргузории мулоқоту вохўриҳои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 4 октябри соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент бо устодону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва фаъолони шаҳри Панҷакент оид ба риояи ҳатмии талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳамчунин, пешгирии паёмадҳои нохуши никоҳи бармаҳал ва хешутаборӣ, ҳодисаҳои номатлуб байни занону духтарон, вайроншавии оилаҳои ҷавон, ҷалби занону духтарони хонашин ба ҳунаромўзӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва одобу ахлоқи ҳамида мулоқоти озоду судманд баргузор гардид.
Дар мулоқот сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Гулнора Гадойбоева, директори Маркази илмию методии назди Раёсати маорифи вилоят Бахтиёр Сарҳадов, намояндаи Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Зуфнуна Хоҷаева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Панҷакент Рўзимоҳ Шодиева иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, имомхатиби масҷиди панҷвақтаи ба номи «Мулломухтор» Атҳам Маллаев, собиқадори соҳаи маориф Мавлуда Бердиева ва раиси Шўрои занҳои маҳаллаи Зардолузори шаҳри Панҷакент Хосият Каримова ба сухан баромада, оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, даст ба ҳодисаҳои ногувор задани ҷавонону ноболиғон, камхарҷ баргузор намудани ҷашну маросим, эҳтироми калонсолон ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ибрози андеша намуданд.
Дар мулоқот наздик 450 нафар ширкат варзида, иштирокчиён баргузории чунин мулоқоту вохўриро судманд арзёбӣ намуданд.




