Дар толори Кохи «Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рўзи забони давлатӣ ба самъи ҳозирин раоснида шуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Забон дар ҳама давру замон ҳамчун ойинаи таърих, дунёи маънавӣ ва хиради халқу миллатро дар худ таҷассум намуда, дар шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ, боло рафтани эҳсоси худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа, таҳким бахшидани пояҳои давлату давлатдорӣ ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани миллат нақши арзанда мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: «Мардуми шарифи Тоҷикистон дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд. Маҳз дар ҳамин давра забони тоҷикӣ дар бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид».
Сипас раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода таъкид дошт, ки воқеан ҳам забон баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик буда, бо истиқлоли ватани мо пайванди ҷовидонӣ пайдо кардааст.
Зикр гардид, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикист, ки он барои ҳар сокини ин кишвари соҳибтамаддун азизу гиромӣ гаштаасту ба шарофати соҳибистиқлолӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардида, имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст.
Забон дар ҳама давру замонҳо барои муаррифии миллат рукни муҳим ва муқаддас ба шумор рафта, поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як соҳибзабон ва шахси ватандўст мебошад.
Забони тоҷикӣ ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ шуда, дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.
Сипас ба як қатор аҳли зиё бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тақдим карда шуд.
Барномаи фарҳангии ватандӯстна ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.