Бо як ҷаҳон эҳтирому самимият ва ифтихору сарбаландии бепоён ва бо шукргузорӣ аз фардои дурахшони Ватани маҳбубамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо фарорасии санаи муборак ва фархундаи умр, ҷашни зодрўзи хуҷаста аз таҳти дил табрику муборакбод менамоем.
Сокинони вилоят сарфароз аз онанд, ки ба шарофати сиёсати созанда, заковату тадбир ва заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоияти миллӣ тантана дошта, мардуми кишвар шоҳиди рўйдодҳои масарратбахш ва пешрафту дастовардҳои бузурги халқу мамлакат мебошанд.
Имрўзҳо халқи шарифу соҳибхиради кишвар аз иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат сарфарозу саодатманд буда, тамоми дастовардҳои Тоҷикистонро аз баракати сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ ва маҳсули даврони соҳибистиқлолии кишвар медонанд ва ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии худ медонанд.
Мо аз он ифтихор менамоем, маҳз бо сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ панҷ ташаббуси ҷаҳонии кишвари азизамон дар асраи байналмилалӣ пазируфта шуда, бори дигар Ватани муқаддасамонро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари соҳибибтикор муаррифӣ намуд.
Дар ин рўзи барои тамоми мардуми тоҷик фараҳбахшу таърихӣ ба Пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама саломатии бардавом, саодат, хушиҳои зиндагӣ, комёбӣ ва куллаҳои баланди шарафу иқболро таманно менамоем.
Таманно мекунем, ки ба бахти давлату миллат ва халқи тоҷик ҳамеша саломату сарбаланд бошанд!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд