Гусели даъватшавандагон дар ноҳияи Айнӣ

2-юми октябри соли 2023 гуруҳи аввалини ҷавонони синни даъватии ноҳияи Айнӣ, ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди деҳот, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар - Ватан кардаанд, ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд.

Ба ин муносибат дар майдони назди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайвандони ҷавонони адои хизмати Модар-Ватанро ихтиёрнамуда ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси ноҳия Муқим Муродзода зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки имрӯз вобаста ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми августи соли 2023 таҳти №621 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005” мо ҷавонони шуҷои ноҳияро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат гусел менамоем ва ин албатта аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъватӣ башорат медиҳад.

Баъдан, прокурори ноҳияи Айнӣ мушовири адлияи дараҷаи 1 Нуриддин Имомзода баромад намуда, афзуд, ки тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст».

Сипас, даъватшаванда Саиднуъмон Саидаҳмедов аз деҳаи Ёвон ва бобои даъватшаванда аз деҳаи Похут Аваз Авазов баромад намуданд. Гуфта шуд, ки барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

Чун анъана маросими нонгазонӣ сурат гирифта, дар охир барномаи фарҳангии хубу хотирмон пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.