Бахшида ба ҷашни таърихии 110 – солагии аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кохи матбуоти маркази вилоят маҳфили ёдбуди Корманди шоистаи РСС Тоҷикистон, дорандаи ордени «Байрақи сурхи меҳнат» шодравон Усмонҷон Тоҷибоев таҳти унвони «Соҳибфазилат буду инсоншинос» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳом Ҷамолиён, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, собиқадорони матбуот, намояндагони рӯзномаҳо ва телевизионҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ, мудирони шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳамкорон, шогирдон, дӯстону пайвандон ва фарзандони Усмонҷон Тоҷибоев ширкат варзиданд.
Пас аз намоиши филм оид ба хотираҳои нек аз Усмонҷон Тоҷибоев сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» Аминҷон Шарифзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ аз хизматҳои мондагори шахсияҳои шинохтаи аҳли эҷод ва гиромидошти хотираи неки онҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Устод Усмонҷон Тоҷибоев воқеан тавонистаанд, ки фазои хуби эҷодӣ ва мактаби бузурги шогирдпарвариро назди идораи рӯзнома таъсис дода, даҳҳо шогирдонро дар роҳи рушду пешрафти журналистикаи тоҷик тарбия намоянд, ки шогирдону ҳамкорон аз хислатҳои наҷиби он кас ҳамеша ба некӣ ёдовар мешаванд. Ҳар қаламкашу эҷодкор ифтихорманд мегардад, ки ворисону пайравонаш идомабахши кору пайкор ва анъанаҳои мактаби эҷодиро идома диҳанд. Хушбахтона, насли ҷавони имрӯз баҳри сарбаландии устодони хеш, баланд бардоштани шуҳрати рӯзнома ҷаҳду талош доранд. Барои тарғибу ташвиқи рӯзнома байни муштариён нақши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, хоса кормандони соҳаи иҷтимоиёт ва фарҳанг хеле назаррасу шоиста аст.
Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ ҳозиринро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик муборакбод намуда, зикр дошт, ки мардуми сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аз гузашта дорои китобу эҷоди баланд буду ҳаст. Бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуоти тоҷик дар даврони истиқлоли кишвар рушду такомул ёфта, барои инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти ҷомеа мақому эътибори баланд пайдо намуд.
Раиси созмони вилояти суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳом Ҷамолиён зимни баромади худ гуфт, ки имрӯз рушди журналистикаи вилоят пеш аз ҳама дар заминаи мактаби рӯзноманигории “Ҳақиқати Суғд” ба миён омада, ташаккул ёфтааст. Дар ин нашрия беҳтарин журналистону эҷодкорон фаъолият доштанд ва яке аз онҳо Усмонҷон Тоҷибоев ҳастанд, ки солҳои тӯлонӣ нашрияро роҳбарӣ кардаанд.
Сипас, муовини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” Сурайё Ҳакимова дар мавзӯи “Усмонҷон Тоҷибоев ва саҳми ӯ дар интишори рӯзномаи «Ҳакиқати Суғд»” маърӯза кард ва дӯустону пайвондони Усмонҷон Тоҷибоев хотироти худро аз кору рӯзгори мавсуф ёдовар шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд