Бахшида ба Рӯзи матбуот​ собиқадорони соҳа аёдат карда шуданд​

Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз 28 феврали соли 2022 ба 62 нафар собқадорони матбуот ва табъу нашри вилоят​ кӯмаки якдафъинаи молиявӣ расонида мешавад.

Ҳамчунин ба мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур дода шудааст, ки ҷиҳати ботантана таҷлил кардани ҷашни 110- солагии аввалин рӯзномаи тоҷикӣ - "Бухорои шариф" ва қадршиносии собиқадорони матбуот ва табъу нашр дар маҳалҳо чораҳои амалӣ роҳандозӣ намоянд.​

Имрӯз дар остонаи Рӯзи матбуоти тоҷик як қатор собиқадорони соҳа, аз ҷумла рӯзноманигорон Туҳфа Расулӣ, Аюб Кенҷа, Мазбут Воҳидов, собиқадорони телевизион ва радио Муҳаббат Мирсаидова ва Абдуалӣ Халилов аёдат карда шуданд ва ба онҳо кӯмакпулиҳо тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд