Ҳамоиши идона ва қадршиносии кормандони воситаҳои ахбори омма бахшида ба Рӯзи матбуот

11 марти соли 2022 дар Кохи фарҳанги “Суғдиён” бахшида ба Рӯзи матбуот ҳамоиши идона баргузор гардид.

Муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма расонида, рӯзноманигорон ва собиқадорони соҳаро аз номи роҳбарияти вилоят ба ифтихори санаи таърихии Рўзи матбуоти тоҷик табрик гуфт.​

Таъкид карда шуд, ки “110 сол пеш аз ин бо ибтикори гуруҳе аз равшанфикрону фарҳангиёни тоҷик нахустин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” таъсис дода шуд, ки минбаъд ба пайдоиш ва ташаккули матбуоти тоҷик замина гузошт. Таъсиси рӯзномаи мазкур яке аз падидаҳои ҷолиби асри 20 маҳсуб ёфта, дар он маводи гуногун оид ба вазъи сиёсии замон, расму оин, забону фарҳанг, илму маориф, тиҷорату бозаргонӣ, ахлоқу ҳунар ва зиндагии рӯзмарраи мардум дарҷ мегардид, ки ба ташаккули афкори солим ва бедории ҷомеа мусоидат намуд.

Боиси таъкид аст, ки матбуоти тоҷик бо гузашти солҳо ташаккул ёфта, бахусус дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба рушди он таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Теъдоди рӯзномаву ҳафтанома, маҷаллаҳо, телевизиону радио бамаротиб афзоиш ёфта, талаботи рӯзафзун ба иттилоот нақши воситаҳои ахбори оммаро дар ҷомеа боз ҳам боло бурд. ​

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт.

Дар замони муосир саҳми воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ назаррас буда, ин дастгоҳи тавонову муқтадири хабариву таҳлилӣ ҳодисаву воқеаҳоро бозтоб намуда, мардумро ба фардои дурахшон раҳнамун месозад.​

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ҳамкории густардаро ба роҳ монда, дар ҳалли масоили гуногуни иҷтимоӣ аз имконоти мавҷуда самаранок истифода мебарад”.

Сипас, тибқи амри Раиси вилояти Суғд аз 9 марти соли ҷорӣ 30 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаи матбуот бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонда шуданд.

Ҳамзамон номи ғолибони озмун барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ эълон гардида, ба Мавлуда Шарифова ва Илҳом Ҳошимов дар бахшҳои матбуоту телевизион ва радио диплому мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6000 сомонӣ супорида шуд.

Дар охир аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамнамудаи Ҳукумати мамлакат алҳол дар қаламрави вилоят 17 шабакаи телевизионӣ (аз ҷумла 1 телевизиони давлатӣ), 15 шабакаи радиоӣ (аз ҷумла 1 радиои давлатӣ), беш аз 50 ҳафтанома (аз ҷумла 21 ҳафтаномаи давлатӣ), 6 маҷалла (аз ҷумла 1 маҷаллаи давлатӣ) фаъолият мебаранд ва дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумат, таҷассуми рӯзгори мардум, дастоварди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвари азизамон саҳми шоиста мегузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд