Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура, ки ҳамасола 14 март таҷлил карда мешавад, дар толори прокуратураи шаҳри Исфара маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода кормандони прокуратураи шаҳрро бо иди касбиашон табрику муборакбод намуда, изҳор дошт, ки саҳму нақши мақомоти прокуратура дар назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ, инчунин муқовимат бо экстремизм ва терроризм басо бузургу назаррас мебошад. Дар ин радиф кормандони прокуратураи шаҳри Исфара низ вазифаҳои бошарафонаи худро тавассути ба амал баровардани назорати прокурорӣ ҷиҳати иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, пешгириву ошкоркунии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ муваффақона ва сарбаландона иҷро менамоянд.
Сипас, ба кормандони прокуратураи шаҳр сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд