Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаи Даҳкати ноҳияи Деваштич

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Даҳкати ноҳияи Деваштич бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 синфхонаи иловагӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва дар ин замина бо нишондиҳандаҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатиро кулли сокинони ноҳия, аз ҷумла соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша хуб пазируфта ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва хизматрасонӣ камари ҳиммат баста,  меҳнат намуда истодаанд.

Тибқи иттилои масъулин бинои иловагӣ бо харҷи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ барои 200 хонанда сохта шуда, барои таълиму тарбияи наврасон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.

Раиси ноҳия Ашӯралӣ Ҷалилзода зимни суҳбат бо омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳаи деҳаи Даҳкат аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, аз аҳли маориф даъват намуд, ки хонандагонро дар руҳияи ватандӯстиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд.​