Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022 моҳи сентябри соли ҷорӣ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад. Дар ин бора 11 март қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.Тибқи ин қарор ҳайати комиссия ва ҳакамон муайян гардида, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки даври шаҳриву ноҳиявиро дар сатҳи баланд доир ва ғолибонро қадршиносӣ намоянд.
Озмун миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён ва ходимони илмӣ-аспирантону докторантон, унвонҷӯёну омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар алоҳидагӣ гузаронида хоҳад шуд.
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани даври вилоятии озмун ва қадршиносии ғолибон 399 810 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд