Моҳи октябр бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022 даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба тасвиб расида, тибқи он барои қадршиносии ғолибони озмун ва дар сатҳи баланд гузаронидани озмун 490 730 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Раёсатҳои маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар сохторҳо, инчунин раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани даври якуму дуюми озмун тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён ва омӯзгорону ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ ва калонсолон дар алоҳидагӣ гузаронида хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд