Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов беш аз 200 бех дарахти санавбар шинонида шуд

Азназаргузаронӣ: 952

Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд  дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз 200 бех ниҳолҳои санавбар шинонида шуданд.

Аз Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят иттилоъ доданд, ки ин амал  бо мақсади сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф  гузаронида шуд.

«Дар маъракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ кормандони бахши муҳити зист ва  аҳолии Ҷамоати деҳоти  Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор  Расулов фаъолона иштирок намуданд. Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани ниҳолу дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ бо маром идома доранд», — афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли равон  низ дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва кӯчаи Абӯалӣ ибни Синои ноҳия бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист бо мақсади обод ва сабзазоркунӣ қад-қади роҳи нақлиётгард 150 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз, аз ҷумла санавбар шинонида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд