Имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28-уми шаҳри Хуҷанд даври сеюми озмуни ҷумҳуривии «Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» оғоз ёфт.
Чорабиниро муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ифтитоҳ намуда, паёми муборакбодии Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Раиси комиссияи даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Раҷаббой Аҳмадзодаро расонид.
Таъкид карда шуд, ки тибқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» гузаронида мешавад.
Ҳадаф аз ташкили озмун арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ буда, он миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти илии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун доир мегардад.
Лозим ба таъкид аст, ки тибқи Низомномаи озмуни мазкур даври аввали озмун моҳи феврали соли 2023 дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот гузаронида шуда, дар он 35 ҳазору 158 нафар, аз ҷумла 28ҳазору 512 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 681 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 2 ҳазору 647 нафар донишҷӯён, 120 нафар магистрҳо, 2 ҳазору 983 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 нафар ходимони илмию адабӣ, 151 нафар аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм, 13 нафар докторантон ва 320 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Ба даври дуюми озмун 5 ҳазору 507 нафар роҳхат гирифтанд.
Дар даври дуюми озмун, ки давоми моҳи июн гузаронида шуд, 3 ҳазору 923 нафар, аз ҷумла 3 ҳазору 211 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 76 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 109 нафар донишҷӯён, 1 нафар магистр, 395 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 нафар ходими илмию адабӣ, 1 нафар докторант ва 121 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Ба даври сеюми озмун 290 нафар роҳхат гирифтаанд.