22 марти соли 2022 ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз дар ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаҳои миллии "Пойга" ва "Бузкашӣ" гузаронида мешавад.
Тавре аз кумитаи тадорукоти мусобиқаҳо хабар доданд, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаҳои анъанавии пойга ва бузкашӣ ҳамчун суннатҳои деринаи наврўзӣ барои густариш ёфтани варзиш дар байни мардум, хосатан ҷавонон мусоидат карда, аз ҷониби дигар барои боз ҳам қавитар намудани муносибатҳои дўстонаи байни халқҳо мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд