Дастаи ноҳияи Спитамен соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни беҳтарин дастархони наврӯзии "Ҳафт син ва ҳафт шин" гардид

18 марти соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои идона ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд тасдиқ гардидааст, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен миёни хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят даври вилоятии озмуни беҳтарин дастархони наврӯзии "Ҳафт син ва ҳафт шин" баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур 16 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят анвои гуногуни хӯрокҳои миллиро ба намоиш гузоштанд, ки аксари хӯрокҳо аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аъзои маҳфилҳои "Рӯзғордорӣ"-и Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят омода карда шуда буд.

Ҳайяти ҳакамони озмуни вилоятӣ дар асоси низомномаи озмун беҳтаринҳоро муайян намуданд. Шоҳҷоизаи озмуни мазкур насиби дастаи ноҳияи Спитмаен, ҷойи якум насиби дастаҳои шаҳри Панҷакент, шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюм насиби дастаҳои шаҳри Бӯстон, шаҳри Исфара, ноҳияи Ашт ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи сеюм насиби дастаҳои шаҳри Гулистон, шаҳри Истаравшан, ноҳияи Зафаробод, ноҳияи Шаҳристон, ноҳияи Ҷаббор Расулов, ноҳияи Деваштич гардид.

Ба ғолибони озмун Дипломҳои дараҷавӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, иштирокчиёни фаъол бо Сипосномаи Раёсати маорифи вилоят ва Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд қадр карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд