Ӯзбекистон аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба даҳгонаи кишварҳое шомил мешавад, ки сайёҳонаш бештар ба Тоҷикистон ворид мешаванд. Ин нукта зимни Форуми саёҳативу тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбекистон, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз шуд, баён гардид.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, роҳбарони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳову табобатгоҳҳо ва аз ҷониби Узбекистон намояндагони Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ, инчунин ширкатҳои сайёҳии Узбекистон иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки маҳз бо шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва талошҳои муштараки Роҳбарони ҳарду давлат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев равобити дуҷониба маҷрои тоза гирифта, имрӯз шарикии стратегӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сайёҳӣ рушду таҳким меёбад.
Дар заминаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд, гурӯҳи зиёди сайёҳони Тоҷикистон ба Узбекистон ва аз Узбекистон ба Тоҷикистон ташриф меоранд.
Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла, мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, конфреренсияҳо, семинарҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанию ширкатҳои сайёҳии Узбекистон нигаронида шудааст.
Тибқи созишномаи мусофирати мутақобила, шаҳрвандони ду давлати ҳамҷавор–Тоҷикистон ва Узбекистон ҳуқуқ доранд ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.
Оғоз гардидани сафари бидуни раводид миёни Тоҷикистон ва Узбекистон занҷири самаранокеро ба вуҷуд меорад, ки на танҳо ба рушди бахши сайёҳӣ байни ду кишвар, инчунин ба ҳамкории минтақавии сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зимни ташриф ба Тоҷикистон сайёҳони Узбекистон ба намудҳои сайёҳии табобатӣ-солимгардонӣ, экологӣ ва сайёҳии зиёратӣ бештар майлу рағбат доранд.
Ҳоло ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ шуда истодаанд.
Дар Форум ҷонибҳо тариқи рӯнамо оид ба зарфияти сайёҳии ҳарду кишвар маълумот доданд. Изҳори умед карда шуд, ки истифодаи таҷриба ва донишҳои пешқадам дар соҳаи сайёҳии Узбекистон ва Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи ҳамкории башардӯстона ҷиҳати таҳкими робитаҳои муштараки сайёҳию фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидати ҳамаҷониба менамояд.
Дар Форум бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Интизор меравад, ки барои меҳмонон- намояндагони ширкатҳои сайёҳии Узбекистон инфо –тур ба мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии вилояти Суғд ташкил карда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд