Ташрифи намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд

Субҳи рӯзи 5 май бо роҳбарии масъулони Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон намояндагони ширкатҳои сайёҳии ин кишвар ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Меҳмонон тавассути гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод» ба вилоят ворид гардиданд ва онҳоро масъулони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят истиқбол гирифтанд.

Сафари меҳмонон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи қаблан имзошуда сурат гирифта, ҳадаф аз сафари намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон шиносоӣ бо ҷойҳои истироҳативу маконҳои сайёҳии вилояти Суғд ва таҳмики робитаҳо дар самти рушди сайёҳӣ мебошад.

Зимни сафар, ки рӯзҳои 5,6 ва 7 май идома меёбад, меҳмонони ӯзбекистонӣ аз бозори «Панҷшанбе», масҷиди марказии «Шайх Маслиҳатддин», осоишгоҳҳои «Шифо», «Баҳористон», Маркази таълимии Бонки миллӣ, Қасри Арбоб, Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», Қалъаи Муғ, маҷмаии таърихии «Сари мазор», Панҷакенти қадим, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, оромгоҳи Устод Рӯдакӣ, пойгоҳи бостоншиносии «Саразм» ва дигар иншооти сайёҳиву фарҳангӣ ва таърихӣ боздид мекунанд. 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд