Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025» ба шаҳри Истаравшан омад

Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё — 2025» ба шаҳри Истаравшани бостонӣ омад.

Сайёҳон ва иштирокчиёни экспедитсия Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ»-ро тамошо намуданд.

Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025» дар доираи барнома бо мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Истаравшан, аз ҷумла растаи ҳунармандони Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ», Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамзамон корхонаи саноатии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» шинос гардид.

Истаравшан "Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ" эълон гардид

1 октябри соли ҷорӣ дар доираи баргузории нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” Истаравшан расман “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” эълон гардид.

Дар ин бора Президенти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ ҷаноби Саад ал-Қаддомӣ ва 20 нафар узви Раёсати Шӯрои мазкур, ки 14 давлати дунёро намояндагӣ мекунанд, бо як овоз раъй доданд. 

Дар маросими тантанавӣ, ки бо иштироки зиёда аз 1000 нафар меҳмонон, аз ҷумла наздик 250 нафар меҳмонон аз 19 кишвари дунё дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан доир шуд, Президенти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ ҷаноби Саад ал-Қаддомӣ Сертификати “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” дар самти кордсозиро ба роҳбарияти шаҳри Истаравшан тақдим намуд ва Истаравшан дар як вақт ба узвияти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ пазируфта шуд.

Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд" дари худро боз намуд

Шуруъ аз имрӯз, яъне 23-юми апрели соли равон Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” расман дари худро барои сокинону сайёҳон боз намуд. 

Дар ин бора омири кулли Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимҷон Иброҳимов иттилоъ дод. 

Шаҳрвандон метавонанд аз Қалъаи Хуҷанд боздид кардаву истироҳат намоянд.Тибқи иттилои манбаъ хизматрасонӣ дар Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба тариқи зайл муайян шудааст: 

-барои шаҳрвандони хориҷӣ 100 сомонӣ (сад сомонӣ);

-барои шаҳрвандони аз 16 сола боло 30 сомонӣ (сӣ сомонӣ);

-барои то 16 солаҳо 10 сомонӣ (даҳ сомонӣ) ва барои кӯдакони томактабӣ ройгон.